Муҳаммад Боқир Қолибоф дубора раиси парлумони Эрон интихоб шуд

Май 26, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вакил аз Теҳрон Муҳаммад Боқир Қолибоф бори дигар ба вазифаи Раиси Маҷлиси (парламенти) Эрон интихоб шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбеи 25 май аз ширкати телевизионии IRIB хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 194 вакили парлумон ба ҷонибдории Қолибоф раъй додаанд. Наздиктарин рақиби ӯ Муртазо Оғо Теҳронӣ 53 овоз гирифтааст.

Қолибоф бори аввал ду сол пеш, охири моҳи майи соли 2020 раиси маҷлиси қонунгузор интихоб шуда буд. Қаблан ӯ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2020 бо касби 1 миллиону 200 ҳазор овоз пешсафи раъйҳо дар пойтахт шуд. Маҷлиси даъвати 11-ум 27 майи соли 2020 расман ба кор шурӯъ кард.

Ҳамон вақт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Муҳаммад Боқир Қолибофро ба муносибати Раиси Парлумони Эрон интихоб шуданаш табрик намуданд. Дар барқияи Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон чунин гуфта шуда буд: «Шуморо бо интихоб шуданатон ба мақоми олии Раиси Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик мегӯям». Рустами Эмомалӣ изҳори итминон карданд, ки густариши равобити дӯстона ва табодули таҷриба миёни палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ва Парлумони Эрон боиси тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар хоҳад шуд.

Муҳаммад Боқир Қолибоф 23 сентябри соли 1961 дар наздикии Машҳад таваллуд шудааст. Аллакай дар синни 19 ӯ ба фаъолияти хизматӣ шурӯъ кард.

Моҳи сентябри соли 2005 ӯ бо 8 раъй аз 15 овоз ба ҷои Маҳмуди Аҳмадинажод раиси пойтахти Эрон таъйин шуд. Муҳаммад Қолибоф дар тӯли ҳашт сол симои шаҳри Теҳронро тағйир дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 26, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад