Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид

Май 7, 2022 10:47

ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиносоӣ бо ҳолати соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ин шаҳр сафар намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Дар ин сафар муовини Сарвазири мамлакатро  муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни сафар меҳмонон бо раванди кишти пахта, фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ, раванди ҷамъоварии хошоки чорво ва ҳамчунин ҷараёни маъракаи кишту кор дар хоҷагиҳои деҳқонии  ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб шинос гардиданд.

Ҳамзамон  муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба хоҷагидорон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат тавсия ва дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

АКС: Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Май 7, 2022 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад