Роҳи мошингарди маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мешавад

Май 11, 2022 11:33

КӮЛОБ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозии роҳи мошингард бомаром идома дорад. Корҳои сохтмониро дар ин мавзеъ ҶДММ «Бунёди роҳ» бо фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳр ба уҳда гирифта, техникаю таҷҳизоти роҳсозиро ба он сафарбар намудааст, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Ёдовар мешавем, ки се моҳ қабл мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади аз байн бурдани танбашавии нақлиёт дар хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ  таъмири роҳи мазкурро ба нақша гирифт. Идораҳои коммуналии шаҳр бо нақшаи роҳ шинос гардида, ҷиҳати  мусоидат ба бартараф намудани монеаҳо дар сохтмони роҳи мазкур муваззаф шуданд.

Роҳбари корхонаи обу ташноби шаҳр Миралӣ Шарифов гуфт, ки “дар айни замон тахту ҳамворкунии роҳ ва кӯчонидани хатҳои обу барқ ва обравҳо анҷом дода шуда, мумфаршкунии роҳ шурӯъ гардидааст. Кормандони ҶДММ “Бунёди роҳ” барои мумфаршкунии роҳ аз техникаҳои муосир ва маҳсулоти хушсифати роҳсозӣ истифода менамоянд. Ҳамзамон бо риояи тамоми қоидаҳои роҳсозӣ  мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шудаанд. Сокинони маҳаллаи Чармгарони поён иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлобро дар бунёду навсозии роҳи мазкур дастгирӣ карда. барои паҳну васеъ намудани роҳ кумак расониданд”.

Дар ин масир маҷмаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, осорхона ва боз чанд иншооти фарҳангӣ ҷойгир буда, равуои сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Баъди ба истифода супоридани роҳ мушкилии бурдани сайёҳон ба ин мавзеъ низ бартараф мегардад.

Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, сохтмони роҳ дар рӯзҳои наздик ба анҷом расида, таҷдиди роҳҳои дигари дохили шаҳр шурӯъ мешавад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани роҳ дар маҳаллаи Чармгарони поён дар роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ аз терминали мусофиркашонӣ то чорроҳаи мағозаи Равшан самти ҳаракат яктарафа карда шуда, танбашавии нақлиёт дар ин масир бартараф мегардад.

АКС аз муаллиф

Май 11, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ