Балии Индонезия мизбони дуюмин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон интихоб шуд

Июнь 12, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 12.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) ва Кумитаи олимпии Индонезия эълон карданд, ки Бали дуюмин Бозиҳои соҳили ҷаҳонро аз 5 то 12 августи соли 2023 мизбонӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Пас аз Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, 13-15 августи соли 2023 дар ҷазираи Индонезия, ҳамчунин XXVII Ассамблеяи генералии ANOC доир мегардад.

Пас аз бомуваффақият доир кардани аввалин нашри бозиҳо соли 2019 дар Доҳаи Қатар, Бозиҳои соҳилии ҷаҳон бори дигар имкони пайваст шуданро тавассути намудҳои нави варзиш, ситораҳои нав ва насли нави дӯстдорони варзиш фароҳам меорад.

Дар Доҳа-2019 беш аз 1200 варзишгар аз 97 кумитаи миллии олимпӣ рақобат карданд ва ширкати мушобеҳи варзишгарон ва кумитаҳои олимпӣ соли оянда дар Бали дар назар аст.

Бозиҳо ҷашни варзишҳои соҳилӣ ва обӣ буда, даҳ намуди варзиши барномаи асосӣ — акватлон, ҳендболи соҳилӣ, футболи соҳилӣ, тенниси соҳилӣ, волейболи соҳилӣ 4×4, тӯббозӣ дар оби соҳилӣ, гӯштини соҳилӣ, катаи инфиродӣ, инчунин 2 намуди варзиши аз ҷониби Кумитаи тадорукоти бозиҳо пешниҳодшуда — кейтбординг ва шиноварии кушод ба масофаи 5 кмро дарбар мегирад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 12, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад