Дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ корхонаи коркарди чормағзи заминӣ бунёд мегардад

Июнь 15, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Палдораки  ноҳияи Мастчоҳ  корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» бо харҷи беш аз 750 ҳазор сохта шуда, метавонад то 10 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин созад. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид карда шуда, дар он дар як сол то 4000 тонна маҳсулот коркард мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, барои ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар деҳоти Палдорак бо сохтмони корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» шинос шуда, ташкили корхонаи навро ба манфиати кор арзёбӣ кард.

Раиси вилоят зикр кард, ки коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шавад.

Дар идомаи боздид Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Палдорак аз коргоҳи дӯзандагии соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ 50 адад дастгоҳҳои дӯзандагӣ насб гардида, бо фаъол гардидани он то 60 нафар ба кор ҷалб карда хоҳанд шуд. Коргоҳи дӯзандагӣ бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шуда, дар ошёнаи якуми он ҳамзамон кошонаи ҳусн низ ташкил карда мешавад.

Сипас Раиси вилоят аз бинои иловагии ҶДММ «Маркази ташхисию табобатии Сино» боздид намуд. Бинои иловагии марказ аз ҷониби соҳибкор Боймаҳмад Султонов бунёд шуда, аз се ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якуму дуюми бино таҳлилгоҳ, дар ошёнаи сеюм 34 кат ва ошхона бо 40 ҷой ҷойгир карда мешавад. Барои бинои иловагии марказ таҷҳизоти тибии муосир аз давлатҳои Чин, Корея ва Русия ворид карда шуда, муоина ва табобати беморон дар сатҳи баланд ба роҳ монда хоҳад шуд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 15, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд