Дар Душанбе бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мешаванд

Июнь 15, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад.

Тавре аз шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ соати 18:00 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги мамлакат доир шуда, дар он намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ дар назар дошта шудааст.

Инчунин  дар ин рӯз  дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ гузаронида мешаванд.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Инчунин дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолибу диданӣ ва барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки 27 июни соли 1997  ба таърих ҳамчун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад