Дар Хуҷанд 12 нафар хатмкунандагони Литсей барои хонандагони болаёқат ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм мекунанд ва аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 миллион доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд. Дар ин бора директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Меҳрангез Абдуллоева, Алишерхон Қосимов, Амирбек Зокиров, Маҳмудов Шарифҷон, Нурсултон Бойҷонов, Муҳаммад Маҳмудов, Усмонов Муҳаммад, Маҳлиёхон Авзалова, Алишер Назаров, Камила Бобоҷонова, Азиза Рӯзиева ва Самандар Самандаров дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд.
Ҳамзамон 18 нафар хатмкунандагони литсей ба донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои Олмон, Туркия, Австрия, Швейтсария, Булғористон ва Федератсияи Русия дохил шудаанд. 11 нафари дигар барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд. Яъне, аз 41 нафар хатмкунандагони литсей 30 нафари онҳо дар хориҷи кишвар 11 нафар дар мамлакат таҳсили худро идома медиҳанд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ҳамеша бобати омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ таъкид намуда, дастурҳои судманд медиҳанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавиро тариқи ройгон ба роҳ мондааст ва ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ бо омӯхтани ин забонҳо машғуланд. Ин амр имкон медиҳад хонандагон забонҳоро азхуд намуда, дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намоянд ва соҳиби грантҳои омӯзишӣ гарданд,-гуфт директори муассисаи таълимӣ Сурайёхон Неъматзода.
Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки таҳсили хонандагони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи сатҳи чаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.
Лозим ва ёдоварист, ки дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд омӯзгорони пуртаҷриба ва донишманду забондон фаъолият мебаранд, ки иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва ба даст овардани грантҳои омӯзишӣ самараи меҳнати онҳо аст. Омӯзгорони литсей бо меҳнати содиқонаву самимона баҳри таълиму тарбияи дурусти хонандагон заҳмати зиёд мекашанд, то ки хонандагон номбардори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






