Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷамъоварии ғалла ва кишти такрорӣ бо суръат идома доранд

Июнь 6, 2022 10:23

ҲАМАДОНӢ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  кишоварзон  ҷамъоварии ғаладонагиро бо суръат идома дода, даҳҳо адад комбайнҳои ғалладарав 100 гектар майдони ғаллазорро дарав мекунанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Тавре  cардори идораи кишоварзии ноҳия Тоҳир Рафиев иттилоъ дод,  кишоварзони Ҷамоати  деҳоти ба номи Саидқул  Турдиев  яке аз аввалинҳо шуда  дарави ғалларо оғоз намуданд  ва то имрӯз қисми зиёди  заминҳоро дарав карда,  аз ҳар як гектар 45 то 50 сентнери ғалла ба даст оварда истодаанд.

Ғаллакорони  хоҷагиҳои  деҳоти Турдиев бо интихоби тухмиҳои  навъҳои  серҳосил  сол то  сол  ҳосили хуби маҳсулот  ба даст меоранд. Раиси ҷамоати ба номи С.Турдиев Набихон Набиев изҳор дошт, ки дар ҷамоати деҳоти мазкур кишоварзон  аз дастрасии оби эригатсионӣ  танқисӣ намекашанд  ва мақсад доранд, ки дар майдони 378 гектар кишти такрорӣ гузаронанд.

«Ҳоло дар ҳама хоҷагиҳо дарави ғалла ва ҷамъоварии сабзавоти барвақтиро анҷом дода, кишти такрорӣ бо суръат пеш меравад», -афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки  то  имрӯз  дар ноҳия дар майдони 7 ҳазору 436 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, кишоварзон тасмим гирифтанд рӯзҳои наздик  дар 500 гектари дигар  кишти такрорӣ гузаронанд.

Дар асоси нишондодҳои Паёми Пешвои миллат  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  пурсамар истифода бурдан  аз ҳар як қитъа замини корам деҳқонии ноҳияи Ҳамадонӣ барои зиёд намудани  истеҳсоли номгӯи маҳсулот,  иҷрои дурнамо ва таъмини барномаи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Онҳо талош доранд, ки дар  таъмини  талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ саҳми арзанда гузошта, истеҳсоли номгӯи маҳсулотро  зиёд намуда, аз   дурнамо зиёд ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Кишоварзон аз таҷрибаи солҳои пешин хуб медонанд, ки  дар натиҷаи  оқилонаю самаранок истифода бурдани замину об ва нуриҳои минералӣ ҳосили хуб ба даст овардан мумкин аст.

 АКС: МИҲД н.Ҳамадонӣ

Июнь 6, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд