Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонон ҳамчун ояндасози давлату миллат сидқан ва бо тамоми ҳастӣ ба Ватан хизмат намоянд. Бо ҳушёриву зиракӣ манфиатҳои миллии худиро аз хатарҳои бегонапарастон эмин нигоҳ дошта, нагузоранд амалҳои ифротии хоинони миллат, ки бо ҳар гуна роҳҳо ба афкори ҷавонон таъсир расонидан мехоҳанд, амалӣ гарданд. Чунин даъват ба амал оварда шуд дар ҳамоиш таҳти унвони «Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем!», ки дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир гардид. Ҳамоиш ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Бобоҷон Ғафуров.
Дар ҳамоиш фаъолони ҳаракат, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҳар сол мардуми мо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз халқи бузурги мо ба қадру қимати сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озодӣ ба хубӣ мерасанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.
Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳамияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус бошад.
Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.
Ҳамоиш бо барномаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия хотирмон анҷом пазируфт.
АКС: МИҲД-и н. Бобоҷон Ғафуров








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






