Дар шаҳри Тошканд Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муштарак оғоз гардид

Июнь 1, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Узбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муштарак оғоз шуд. Конфронси мазкур дар арафаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки 2-3 июн дар назар аст, оғоз шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази мазкур.

Дар кори он намояндагони хадамоти дипломатӣ, мақомоту идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, таҳлилгарони масоили сиёсиву иқтисодӣ ва пажӯҳишгарону таърихшиносони Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доранд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ оғоз гардид.  Директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода баргузории конфронси муштаракро қадами муҳим ва нав дар рушд ва таҳкими ҳамкории ду давлат арзёбӣ намуда, гуфт, ки “ҳоло  муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҳамаи бахшҳо дар роҳи рушди босуръат қарор доранд. Дар ин раванд нақш ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев калидӣ мебошанд”.

Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказии Узбекистон Анвар Носиров иброз намуд, ки “Конфронси байналмилалии муштарак барои рушди ҳамкории илмӣ-тадқиқотии марказҳои зеҳнии ду кишвар шароит фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории илмӣ ва ташаккули дидгоҳи муштарак вобаста ба таъмини рушди устувор дар минтақа замина гузоранд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби чунин чорабинии илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнӣ ва доираҳои коршиносии ду кишвар мубодилаи созанда сурат гирифта истодааст, ки бевосита дар таҳкими равобити Тоҷикистону Узбекистон ҷойгоҳи хосса касб менамояд”.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар қисмати ифтитоҳии Конфронс сухан гуфта, рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишварро ба фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Президентҳои ду кишвар вобаста донист. Зимнан, Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Узбекистон барои ташкили конфронси сатҳи баланд изҳори сипос намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳмиӣ иброз дошт, ки шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон  ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати ду давлат ва минтақаи Осиёи Марказӣ  мусоидат менамояд.

Дар ҷаласаи пленарӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода сухан гуфта, самтҳои авлавиятноки шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистонро дар шароити нави рушди минтақавию байналмилалӣ муфассал шарҳ дод. Тавре мавсуф гуфт, “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар муддати кӯтоҳ модели муваффақи пешбурди шарикии стратегиро дар муносибатҳои дуҷонибаи худ барои ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Махсусан  сатҳи баланди равобит миёни ду кишвар имкон медиҳад, ки самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самтҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёт ва савдою саноат мубодилаи амниятӣ  беш аз пеш таҳким ёбад”.

Дар идомаи кори конфронс баррасии масъалаҳои авлавиятноки шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон, дурнамои рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва илму маориф ва дигар масъалаҳои дорои хусисияти муҳимми минтақавӣ дар назар аст.

Ҳамчунин дар ҳошияи Конфронси муштараки байналмилалӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар анҷоми Конфронси муштараки байналмилалии илмӣ-амалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалили Осиёи Марказии Узбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ” миёни роҳбарони ҳайатҳои ду ҷониб мубодилаи тӯҳфаҳо сурат гирифт.

 АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ

Июнь 1, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд