Донишҷўёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ғолибони викторинаи «QUIZ ON KOREA-2022» гардиданд

Июнь 17, 2022 17:22

ДУШАНБЕ, 17.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар толори  Кинотетри «Ватан» -и шаҳри Душанбе  барои донишҷўёни муасисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  викторина таҳти унвони  «QUIZ ON KOREA-2022»  баргузор гардид.  Дар он хатмкардаи  Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гиёева Мавлуда сазовори  ҷои аввал  ва соҳиби роҳхат  ба Ҷумҳурии Корея  барои  иштирок  дар  Викторинаи умумиҷаҳонии «2022 QUIZ ON KOREA NHTERNATIONAL» гардид. Ҷойи дуюмро  донишҷўи  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ФаридСалоева а ба даст овард. Мақоми сеюм низ  донишҷўи ҳамин Донишкада Шаҳноза Таварова ишғол кард.

Тавре аз Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар викторина ба донишҷўён суолҳо дар мавриди таърихи Корея ва забони куриёӣ пешниҳод гардид. Созмондиҳандагони ин барномаи омӯзишӣ Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази маорифи Корея  дар шаҳри Душанбе буданд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми мамлакат, Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея, ки ҳамасола баргузор мегарданд, ба роҳ мондааст.

Омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудаанд.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон — Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.

АКС: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Июнь 17, 2022 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид