Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар «Seoul International Travel Fair 2022» муаррифӣ шуд

Июнь 25, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, осоишгоҳҳову табобатгоҳҳо ва ҳунармандони ҷумҳурӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Seoul International Travel Fair 2022», ки аз 23 то 26 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, муаррифӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.

Маҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.


Намоишгоҳи сайёҳии «Seoul International Travel Fair 2022» маъруфтарин намоишгоҳи минтақа маҳсуб шуда, дар он ҳамасола зиёда аз 50 мамлакати дунё иштирок менамоянд.

Майдони намоишгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки дар он ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоту ассотсиятсияҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ хизматрасониҳои худро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намуда, тариқи вохӯриҳои «В2В» ва «В2С», ки дар рафти намоишгоҳ баргузор мегарданд, ҳамкориро тақвият мебахшанд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд