Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Июнь 30, 2022 19:08

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Раҳимзода «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз тарафи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҳалҳо бо мардум мунтазам мулоқот гузаронида мешавад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2021-2025 177 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии лоиҳаҳо 226,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи онҳо 5,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмиру бунёди 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, 203 иншоот ба истифода дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш доданд, ки фаъолият оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур карда шавад.

Сарвари давлат ҳамчунин дастур доданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сипас дар кори маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 ва масъала Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Аъзои Ҳукумати кишвар ҳамчунин баъди муҳокима 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин вобаста ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба ҳолати 1 январи соли 2022 ва Натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Сангвор ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охири кори маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босамари дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хӯрока, омодагии ҳамаҷониба ба давраи маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини мунтазами неруи барқу гармӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.06.2022

Июнь 30, 2022 19:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ «Ортопедия ва технологияи муосир»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби ХХДТ-ро ба истифода супориданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба100 нафар ятими кулл туҳфаҳо тақдим карданд

Маводҳои таҳлилӣ