Масъалаи дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат миёни Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёи Рушд баррасӣ гардид

Июнь 28, 2022 10:16

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёи Рушд (БАОР) зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Раиси Бонки АвруОсиёи Рушд Подгузов Николай Радиевич баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд.

Вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои БАОР, ки дар шаҳри Нур – Султони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид,  сурат гирифт . Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонк, баҳогузориҳои аудити байналмилалӣ ва аудити дохилии Бонк, тақсимоти фоидаи Бонк, таъсиси ташкилоти фаръии Бонк ва дигарҳо муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Дар робита ба масъалаҳои зикргардида ҳисоботи Раиси БАОР Подгузов Николай Радиевич шунида шуд. Таъкид  гардид, ки новобаста ба таъсири вазъи иқтисодию молиявии глобалию минтақавӣ фоидаи Бонк нисбат ба соли ҳисоботии пештара ду маротиба афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк дар солҳои фаъолияташ 4,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Зимни мулоқот З. Завқизода иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ  бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БАОР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлатро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин З.Завқизода аз Раиси Раёсати БАОР дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шаванд.

Дар навбати худ Раиси БАОР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуда, итминон дод, ки сандуқи сармоягузории Бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк афзоиш медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои БАОР дар семоҳаи 2-юми соли 2023 ба нақша гирифта шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июнь 28, 2022 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд