Миёни ширкатҳои вилояти Суғд ва Фарғона 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, ки зимни он 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар мулоқот муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ноиби ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки дар форуми тиҷоратӣ миёни ширкатҳои ду ҷониб 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Инчунин чанд санади ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди чарм ва ғайра ба имзо расиданд.
Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иброз дошт, ки гурӯҳи соҳибкорон бо ташаббуси роҳбарони вилоятҳо тайи се рӯз дар вилояти Суғд бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамоянд.
Ҳамчунин дар форум соҳибкорони кишвари ҳамсоя ба ярмаркае, ки 17-18 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, даъват шуданд. Дар назар аст, ки дар доираи ин форум миёни ду вилоят чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расанд. Таваҷҷуҳи шарикон дар якчанд самт, аз ҷумла саноати сабук, яъне коркарди пурраи нахи пахта бештар дида мешавад.
Зимни гуфтушуниди тарафайн дар бораи фаъолият ва Шӯрои тиҷоратии дуҷониба, афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, зарурати баргузории вохӯриҳои муштарак ва форумҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян намудани иқтидори сармоягузорӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






