Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар самти ҷалби бештари сайёҳон густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни мулоқоти маҷозӣ масъалаи таҳкими ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ширкатҳои сайёҳии ду кишвар тариқи рӯнамо маърӯза намуда, имкониятҳои васеи сайру саёҳат ва зарфиятҳои нодири Тоҷикистон ва Русияро муаррифӣ намуданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия бо назардошти имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар хостори тақвияти робитаҳо гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Русия дар радифи кишварҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москва, аз ҷумла дар «Интурмаркет» ва «МИТТ» иштирок намуда, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ба бозори сайёҳии Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






