АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Аз 27 то 30 июн дар Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд мешавад

Июнь 27, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 30 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд шуда, дар  вилояти Хатлон гармӣ то 45 дараҷа мерасад. Тавре дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво то 40+45 дарҷа  гарм, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 30 то 33 дараҷа гарм дар назар аст. Дар шарқи вилоят рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳои  вилояти Суғд ҳаво рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона ҳаво баланд шуда аз 23+28 то 29-34 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи  пешгӯии  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,   сокинони вилояти Хатлонро ин рӯзҳо ҳарорати баланди ҳаво интизор аст. Ҳаво рӯзона аз 33+38 то 40+45 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳо ҳавои тағйирёбанда бебориш дар назар аст. Рӯзона дар шаҳри Душанбе ҳаво 40+42 дараҷа  ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Қаблан муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии кишвар Парвина Саидҷамолова ба АМИТ «Ховар» дар бораи  баландшавии ҳарорати ҳаво дар моҳи июн иттилоъ дода буд.

Мавсуф зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи аввали тобистон ҳарорат муътадил шуда, охирҳои моҳи июн баландшавии  он  дар назар аст. Ҳамчунин дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад.

Ба андешаи табибон,  организми инсон дар ин рӯзҳо обро бештар талаб мекунад. Аз ин рў,   рӯз ҳар як сокини мамлакат бояд оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истеъмол намояд, ба монанди оби ҷӯшонидашуда. Инчунин тавсия медиҳанд, ки ҳангоми аз хона баромадан ҳамроҳи худ об, кулоҳ ва чатр гиранд. Ҳангоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва назди рӯду дарёҳо эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҷавонон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бодиққат буда, қоидаҳои шиновариро риоя намоянд.

АКС аз Дидор Саъдуллоев

Июнь 27, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд