РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе Форуми байналмилалии занон ва об доир мешавад

Июнь 4, 2022 11:11

ДУШАНБЕ, 04.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»  Форуми байналмилалии занон ва об доир мешавад. Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  роҳандозӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022  дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  баргузор мегардад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷаласаи Пешвоёни  Эътилофи обу иқлим, инчунин  ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  оғоз гардид.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 4, 2022 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон