Таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ба Узбекистон пешниҳод гардид

Июнь 16, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва муовини Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бадриддин Абидов  баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар рафти мулоқот масъалаи шомилшавии Узбекистон ба СУС баррасӣ гардида, таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмон пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон масъалаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ баррасӣ намуда, дар робита ба он пешниҳод манзур намуд, ки аз ҷониби узбекистонӣ пазируфта шуд.

Дар мулоқот А. Абдураҳмонзода зикр  намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Узбекистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли рушд қарор дорад. Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар марҳила ба марҳила тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба 447,8 миллион доллар баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат  ба  солҳои қаблӣ ба маротиб рушд намудааст.

Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июнь 16, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад