Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Афғонистон иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон, ки ба он, аз ҷумла муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ шомил мебошанд, дар кори Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар Тошканд иштирок дорад, хабар доданд имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Конфронси байналмилалии Тошканд дар мавзӯи «Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ» 25-26 июл дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад. Ташаббускорони конфронс Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд.
Дар конфронс зиёда аз 100 нафар ширкаткунандагон аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон, инчунин сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ – СММ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷамъ меоянд.
Дар он, аз ҷумла, имконоти ба даст овардани тавофуқҳо дар бораи иҷрои шартҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи занон ва ақаллияти миллӣ, ба духтарони афғон додани иҷозат барои гирифтани маълумоти пурраи мактабӣ баррасӣ карда мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин меҳисобанд, ки ҳаракати «Толибон»* барои мутмаин сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қонунияти қудрати худ дар Афғонистон ягон тадбир наандешид. Сарвари давлат дар ин бора 21 июл зимни Вохӯрии IV машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Чолпон-Ота (Қирғизистон) баргузор шуд, изҳор доштанд.
«Тайи муддати гузашта роҳбарияти ҳаракати «Толибон»* барои бовар кунонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистон ба қонунияти қудрати худ, қобилияти назорат кардани вазъ дар кишвар, таъмини амнияти шаҳрвандони худ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба миёномада тадбирҳои воқеӣ наандешиданд»,- иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон илова намуданд, ки бар хилофи ваъдаву изҳорот роҳбарияти «Толибон»* бо ҳар роҳу имкон ба таъсиси ҳукумати фарогир бо ширкати густурдаи тамоми неруҳои сиёсӣ ва қавмӣ монеъ мешавад.
_________________
*Ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар
АКС: АИ «Дунё»








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар бахши нафту газ баррасӣ шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Таом ва хӯришҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи хайриявии Бишкек таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуданд
Дар Фестивали байналмилалии гастрономӣ дар Беларус 20 намуди таоми миллии тоҷикон пешниҳод гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд






