БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор сохтмони бинои беморхонаи нав босуръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Ҳисор сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ босуръат идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Беморхона дар масоҳати умумии 8 гектар бунёд ёфта, масоҳати зери сохтмон 5193 метри мураббаъ, сабзазоркунӣ 8988 ва масоҳати роҳравҳо 13818 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз 5 бинои чорқабата иборат буда, барои 205 кати беморон дар назар дошта шудааст.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арш Сохтмон» мебошанд. Маблағи лоиҳавии сохтмон 64 миллион сомониро ташкил дода, то имрӯз 28 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ба 60 фоизи иҷрои корҳои сохтмонӣ баробар аст.
Бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот муваққатан қатъ гардида буданд. Барои идомаи сохтмон дар соли 2022 боз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ вусъати тоза пайдо карданд. Маблағи мазкур барои бунёди маъмурияти беморхона, таваққуфгоҳи нақлиёт, бинои иловагии якқабата барои 105 кат, дегхона барои гармидиҳӣ, кашидани хатҳои обу ташноб ва ғайра масраф мегардад.
Чанде қабл Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шинос гардид. Мавсуф бо сохтмончиён оид ба шароити кору истироҳаташон суҳбат намуда, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҷиҳати ҳалли ҳама гуна мушкилот дар самти сохтмон изҳор дошт. Сохтмончиён азм доранд, ки иншоотро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид






