БМТ ҷиҳати пешгирии таъсири буҳрони молиявӣ ба низоми бонкии кишвар нақшаи зиддибуҳронӣ таҳия намудааст

Июль 18, 2022 14:04

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои берунӣ ва буҳрони молиявӣ ба низоми бонкии кишвар роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нақшаи тадбирҳо таҳия намудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Фирдавс Толибзода зимни тавзеҳи вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра татбиқи сиёсати пулию қарзиро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуд. Дар ин давра меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиёти монетарӣ дар моҳҳои январ –июни соли равон бетағйир дар сатҳи 13,25 фоизи солона нигоҳ дошта шуд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллӣ-сомонӣ дар ин давра ба андозаи 6,57 сомонӣ (аз 11,3000 сомонӣ дар санаи 31 декабри соли 2021 то ба 10,5578 сомонӣ дар санаи 30 июни соли 2022) паст шуд. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,18 фоиз (аз 11,3000 сомонӣ дар санаи 31.12.2020 то ба 11,3210 сомонӣ дар санаи 30.06.2021) баланд шуда буд.

Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ кишвар дар ин давра бо арзиши номиналӣ ба 46,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 7,4 фоизро ташкил намуд. Ба рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, гардиши савдои чакана 9,3 фоиз, хизматрасонии пулӣ 12,8 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз ва соҳаи сохтмон 2,5 фоиз мусоидат намуд.

Фирдавс Толибзода ҳамчунин итттиилоъ дод, ки сатҳи таваррум дар ин давра 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ зиёд аст. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,0 фоиз ва молҳои ғайрихӯрокворӣ 2,3 фоиз ба амал омад. Инчунин дар ин давра пастравии нархи арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ ба қайд гирифта шуд, ки 1,1 фоизро ташкил дод. Таварруми солона дар ин давра ба 8,3 фоиз баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2022 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд