COVID-19. Тоҷикистон назорат дар марзҳоро аз нав пурзӯр намуд

Июль 7, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус назоратро пурзӯр кардааст. Дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои рӯизаминӣ ҳароратсанҷӣ (термометрия) ва санҷиши мавҷудияти шаҳодатномаҳои эмкунӣ ҷорӣ карда шуданд. Дар назди вазорат Маркази зиддибӯҳронии иттилоотӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус фаъолият мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ҶАЪФАРОВ  хабар дод.

«Бо мақсади пешгирии воридшавии эҳтимолии сирояти коронавирус дар марзҳо – дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои заминӣ тадбирҳо пурзӯр карда шуданд, ҳамаи онҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд,  ҳароратсанҷӣ  карда, шаҳодатномаи эмгузаронии онҳо санҷида мешавад», — иброз намуд Ҷаъфаров. Ба гуфтаи  вай, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандони аз Қазоқистону Узбекистон ва ҳамчунин аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия воридшуда дахл дорад.

«Ҳеҷ гуна маҳдудият барои воридшавӣ ба кишвар ҷорӣ нашудааст», — таъкид кард ҳамсуҳбат. Тибқи иттилои  вай, айни замон дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин нафарони мубтало ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 ошкор шуда буданд. Эмкунии ҳатмӣ ва ройгон барои шаҳрвандони аз 18-сола боло аз 3 июли соли 2021 оғоз гардид.  Ба шаҳрвандон панҷ намуди ваксина гузаронида мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.

То субҳи 7 июли соли 2022 тибқи нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 миллиону 264 ҳазору 870 нафар шаҳрвандони кишвар (94,1%) зидди бемории COVID-19 эм карда шуданд. Ҳамчунин то имрӯз 5 миллиону 161 ҳазору 295 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ  (92,2%) вояи дуюми ваксина гирифтаанд. Ба 175 ҳазору 138 нафар шаҳрвандон (74,6%)   вояи сеюм гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» имрӯз дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар бораи хуруҷи нави сироят Ситоди ҷумҳуриявӣ 21 июни соли 2021 дарак  дод ва аз ҳамон рӯз то 29 августи соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳар рӯз дар бораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ хабар  мерасонид. Аз 29 августи соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави сироятёбӣ танҳо 15 октябр ва чанд рӯзи моҳи ноябр ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ 11 нафар гирифторони ин беморӣ ошкор  гардиданд. 21 январи соли 2022 ҳолатҳои нави сироят қайд гардиданд, дар он вақт 23 ҳолати нав муайян карда шуд. Бори охир 18 феврали соли равон дар Тоҷикистон се  ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда буданд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба  пешгирии воридшавии коронавирус аз 7 марти соли 2022 реҷаи ҳатмии ниқоб ва  маҳдудият дар гузаронидани тӯю маъракаҳо лағв гардиданд. Дар баробари ин, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки «тадбирҳои пешгирикунанда ва зидди эпидемияро идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус то ҳол  аз байн нарафтааст.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ оид ба пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи телефони 511 фаъолият мекунад.

                                                                            София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Июль 7, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
МАЗРААИ ИФТИХОР: «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ
Абдухалил Ғафурзода: «Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ дастурамали мукаммал баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ ва ҳамзистии кулли башарият аст»
Субҳиддин Шамсиддинзода: ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
ЧЕҲРАЕ МУНАВВАР ДАР САМОИ СИЁСАТИ ДАВРОН. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ бо номи Президенти мамлакат алоқаманд аст
Сарвари давлат: «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо пажӯҳиш, ҷамъоварию коркарди маълумот ва ҳамкории амиқи байналмилалиро тақозо менамояд»
ХУШХАБАР! «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»
Президенти Тоҷикистон даъват намуданд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар ақсои ҷаҳон беназир аст