Дар доираи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат дар миқёси мамлакат 1,5 миллион бех ниҳол шинонида шуд

Июль 13, 2022 15:19

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонию кабудизоркунӣ ва иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ба «шаҳри сабз» тадбил додани пойтахт дар мавсими тирамоҳи соли гузашта ва баҳори соли равон дар миқёси мамлакат беш аз 1,5 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишиву мевадиҳандаи шинонида шуд, ки 109 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, — чунин зикр намуд муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз доир гардид.

Ў илова кард, ки ҳамзамон бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ин мавсим дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 27, 6 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар майдони 353 ҳазору 453 метри мурабба майса кишт гардид.

Зарафо Қиёмзода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар дар ин давра гуфт, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита ва зерсохторҳои он дар маҳалҳо ва системаҳои ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ба миқдори 86 ҳазору 790 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда, инчунин 33 ҳазору 985 бех гулу буттаҳои мавсимӣ ва беш аз 2 025 адад гули лола шинонида шуд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарияти Кумита аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зист дар мавзеи Сари Осиёи шаҳри Душанбе 2000 бех ниҳолони дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ тибқи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд