Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ доир шуд

Июль 21, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 21.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 20 июл таҳти раёсати Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Вазири маориф ва илм, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври ҳузурию онлайнӣ иштирок намуданд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар».

Раҳим Саидзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос ёдовар шуда, зикр кард, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб шуда, ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.

«Бинобар ин, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрӣ, инчунин ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон зери таваҷҷуҳи хоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад», — афзуд Раҳим Саидзода.


Зикр гардид, ки ба ҳолати 1 май дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2022-2023 эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ барои 3406 нафар пешниҳод гардида буд. Шурӯъ аз моҳи май ва баъд аз баргузории ҷаласаҳои доимии ситод 2537 нафар ба кор ҷалб шуда, айни ҳол ба 869 нафар эҳтиёҷ боқӣ мондааст.

Ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намудани мутахассисони ҷавон, ба гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани омӯзгорони ғайриихтисос, ки зиёда аз 15 сол собиқаи корӣ доранд, дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок намудани омӯзгорони ҷавон, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои таҷрибаомӯзӣ фиристодани донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ ва чанде дигар аз ҷумлаи пешниҳодоте буданд, ки зимни ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати то 1 августи имсол бартараф намудани норасоии кадрӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, омодагии муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2022-2023, истифодаи тамоми имконият ҷиҳати ҷалби бештари омӯзгорон, ҳавасманд намудани омӯзгорони варзида ва масъалаҳои марбути соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 21, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд