Дар Душанбе давраи омӯзишӣ барои кормандони китобхонаҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» давраи омӯзишии серӯза барои кормандони китобхонаҳои шаҳри Душанбе оид ба муосиргардонии китобхонаҳо чамъбаст гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, давраи омӯзишии мазкур бо мақсади баланд бардоштани касбияти кормандони китобхонаҳо, табодули таҷрибаи онҳо дар ин самт, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариён ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба дар китобхонаҳо роҳандозӣ карда шуданд.
Дар ҷамъбасти давраи омӯзишӣ муовини сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдувалӣ Абдураҳмонзода, Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» Абдуқодир Талбаков ва кормандони китобхонаҳои пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиён аз намоиши китобҳо, ки дар даромадгоҳи китобхона гузошта шуда буд, дидан намуда, бо фаъолияти Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ шинос шуданд.
Директори китобхона Абдуқодир Талбаков вобаста ба саҳми китоб дар тарбияи ҷомеа ва насли наврас сухан гуфт. Муовини сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдувалӣ Абдураҳмонзода оид ба аҳамияти курсҳои омӯзишӣ ва саҳми Президенти мамлакат дар рушди соҳаи фарҳанг, ҳунар, китоб ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон иброз дошт, ки «курсҳои мазкур дар асоси нақшаи «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ карда шуданд».
Дар анҷом барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхонӣ аз ҷониби Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён сипоснома тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки давраи омӯзишӣ аз 25 то 27 июл доир гардида, зимни он кормандони китобхонаҳо тибқи барнома бо фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи муосири «Пойтахт», Китобхонаи ҷумҳуриявии бпчагонаи ба номи М.Миршакар, Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ шинос шуданд.
АКС: Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад






