Дар Суғд маҷмӯаҳои нахустини ашъори панҷ нафар шоирони ҷавон ба нашр расиданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷмӯаҳои нахустини ашъори панҷ нафар шоирони ҷавон аз чоп баромаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд марҳалаи ҷумҳуриявии Машварати омӯзишии адибони ҷавон барпо гардид. Зимни он Раиси вилоят иброз намуд, ки китобҳои иштироккунандагонеро, ки аз ҷониби устодон баҳои баланд мегиранд, ба чоп мерасонад.
Пас аз чанд муддат ин иқдоми Раиси вилоят амалӣ гардида, китобҳои шоирони ҷавон Шаҳнози Шаҳнавоз, Хуршед Эҳсон, Абдуманнони Хаммор, Шаҳриёр Олимӣ ва Нурӣ Муҳаммади Истам таҳти рубрикаи «Аз силсилаи «Шукуфаҳои истиқлол» ба чоп расиданд.
Тибқи иттилои котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод, айни замон дар нашриёти «Хуросон» маҷмӯаҳои дастҷамъии назмӣ ва насрии иштироккунандагони дигари машварат дар ҳоли нашр қарор доранд ва дар назар аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ин китобҳо низ ба дасти хонандагон расанд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои мазкур ва китобҳои боқимондаеро, ки ҳоло омодаи чопанд, охири моҳи август ба нақша гирифтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






