Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 341 миллион кВт соат зиёд неруи барқ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон Тоҷикистон 10 миллиарду 414,9 миллион кВт соат неруи барқ истеҳсол намудааст, ки ин омор дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 341 миллион кВт соат зиёд буда, суръати афзоиши он 103,4 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ин давра ба 1 миллиарду 058,7 миллион кВт. соат ё 426,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,5 миллион кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 115,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра Тоҷикистон асосан ба Узбекистон ва Афғонистон (дар моҳҳои май-сентябр) неруи барқ содирот намудааст.
Дар ин бора муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
«Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар радифи бунёди неругоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин замина, алҳол навсозии Неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроқум» босуръат идома дошта, баъди таҷдиди пурра тавоноии умумии ин неругоҳҳо дар қиёс ба тавоноии воқеии кунунии онҳо ба андозаи 370 МВт афзоиш хоҳад ёфт», -илова кард Ҷамшед Шоимзода.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ, ҷараёни ислоҳоти дар соҳаи электроэнергетика ба роҳ андохташуда натиҷаҳои мусбӣ ба бор оварданд. Аз ҷумла, дар асоси технологияи муосири (барномаи билингӣ)-и дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумотҳои нишондодҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд, ки ҳадаф аз он таъмин намудани шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба ҳисоб меравад.Дар натиҷа, сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд бардошта шуда, Вазорат дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи энергияи барқ тавассути истифодаи технологияи муосир, корҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






