Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: Имрӯз сокинони кишвар метавонанд дар осмон Моҳи бузургро бубинанд

Июль 13, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Тоҷикистон имрӯз, 13 июл метавонанд моҳи пурраро мушоҳида кунанд, ки ҳамагӣ 9 соат пас аз убури Моҳ аз нуқтаи наздик ба Замин фаро мерасад. Астрономҳо ин падидаро Моҳи бузург меноманд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи  АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.

«Моҳи бузург падидаест, ки дар он моҳвораи табиии Замин ба масофаи наздик ба он наздик мешавад. Имрӯз масофаи он то ҳадди ақал дар соли 2022 — 362 ҳазор км кам мешавад», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, сокинони Тоҷикистон метавонанд соати 23:38 ба вақти Душанбе шоҳиди ин падидаи астрономӣ шаванд. Имрӯз тулӯи моҳ соати 19:58 ва ғуруби моҳ соати 04:05 ба вақти Душанбе сурат мегирад.

Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, Моҳ ба Замин ба масофаи 357 264 километр наздик мешавад, ки ин қариб ба масофаи минималии байни онҳо баробар аст.

Мутахассис доир ба хавфу хатари ин падида зикр кард, ки масофа дар воқеъ аз рӯи меъёрҳои кайҳонӣ каме тағйир ёфтааст ва ба қувваи кашиши Моҳ таъсир намерасонад.

«Ин як падидаи оддии астрономӣ аст, ки такрор ба такрор рух дода, ба офатҳои табиӣ оварда намерасонад ва ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо таъсир намекунад», — тазаккур дод Гулчеҳра Қоҳирова.

Сокинони Тоҷикистон аз ҳар гӯша метавонанд ин манзараи зебою таъсирбахшро тамошо кунанд.

Бино ба гуфтаи Гулчеҳра Қоҳирова, Моҳро дар ҷойҳое, ки нури шаҳр кам аст, мушоҳида кардан  осонтар аст.

Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 13, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд