Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ 1000 нусха китоб тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев 1000 нусха китоб туҳфа гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
500 адад китоби туҳфашударо китобҳои тозанашри олимони донишгоҳ ташкил намуда, 500 нусхаи дигар аз ҷониби нашриёти «Адиб» интишор шудаанд. Китобҳои мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба мутолиаи китоб тақдим гардиданд.
Тавре ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, «китобҳои туҳфашуда бевосита барои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» мусоидат менамоянд».
Зикр шуд, ки китоб махзани арзишманди беназир ва муҳимтарин василаи шинохту омӯзиши илму фанни замон, дар маҷмӯъ тамаддуни башарӣ буда, барои нигоҳ доштан ва ба насли оянда гузоштани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Дар ин замина зарур аст, ки ҷалби васеи донишҷӯёну толибилмонро ба китобхониву оммавигардонии мутолиаи китоб ба роҳ монда, дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат фарҳанги китобхониву китобдории миллати тоҷикро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






