Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷойи якумро ишғол намудааст
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро ишғол намудааст. Ин раддабандӣ дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, иброз дошт Ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода зимни баргузории нишасти мабуотӣ.
Гуфта шуд, ки агентӣ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ муайян кардааст.
«Дар рейтинги мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо касби 236 хол сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи ин озмун шуд», — илова кард Ректори донишгоҳ.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар 123 кафедраи донишгоҳ 1655 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 182 нафар докторони илм, 610 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 1323 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ ва 345 нафар ҳамчун омўзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.
Шумораи донишҷўёни донишгоҳ ба 23 ҳазору 362 нафар баробар аст, ки аз ин 17 ҳазору 611 нафар дар шуъбаи рўзона ва 4968 нафар дар шуъбаи ғоибонаю фосилавӣ таҳсил менамоянд.
Дар донишгоҳ аз рўи 124 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рўи 84 ихтисос дар зинаи тањсилоти магистратура ва 103 ихтисос дар зинаи доктор РhD, доктор аз рўи ихтисос мутахассисон омода гардида, таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






