ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба чемпионати CAFA омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринӣ оғоз кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аҳлиддин Турдиев ба ин ҷамъомад 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба далели он ки чемпионати CAFA-2022 дар рӯзҳои ФИФА баргузор намешавад, легионерҳо дар ин мусобиқа наметавонанд дар ҳайати дастаи ҷавонон бозӣ кунанд. Бо мувофиқа бо бошгоҳҳо бозигарони дар хориҷабуда ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои расмӣ – марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даъват мегарданд.
Дар чемпионати CAFA-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон (6 август), Қирғизистон (8 август), Узбекистон (10 август) ва Эрон (12 август) бозӣ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Содиқ Қурбонов (ҳама аз«Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Абдулло Шарипов (КМВА), Азизбек Ҳайитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аббос Андалибов, Амирҷони Фаррухзод (ҳарду аз «Равшан»-и Кӯлоб), Бежан Нишонбойзода, Фатҳулло Олимзода, Азизбек Далиев, Меҳроб Асоев (ҳама аз «Динамо»), Салохиддин Иргашев («Металлург», Узбекистон), Салам Ашурмамадов (бидуни даста);
Ҳамлагарон: Сунатулло Азизов («Динамо»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Акс: ФФТ








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






