Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид

Июль 30, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Маркази давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода.

Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, ҳайати меҳмонон, роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Сардори саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳиддин Усмонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, Директори Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ»-и ба номи А.Фирдавсӣ Аламхон Қурбонзода, сармуҳаррири нашрияи «Халқ овозӣ» Ёқубҷон Абдуманонзода ва дигарон иштирок намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин: «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳявии ҳизб аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда»; Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии сохторҳои ноҳиявии ҳизб аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022»; Интихоби аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ; Интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ; Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ–интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе; Дар бораи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии №5, 9 ва 31 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Абдураҳим Шоҳиён изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 15 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода шуда, дар ин давра 5724 нафар шаҳрвандон дар ноҳия ба сафи ҳизб қабул гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби вакилони шаҳриву ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти ибтидоӣ ба 2171 нафар шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ кумаки моддӣ расонида шуд.

Дар идомаи кори конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣаз тарафи Раиси комиссияи тафтишотӣ Абдурасул Сатторов шунида шуд.

Вакилони конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 47 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилон ба конференсияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанберо иборат аз 85 нафар интихоб намуданд. Дар идома пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии №5, 9 ва 31 баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар идомаи конференсия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе; Интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ғайра доир гардида,  қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Дилбар Одилзода иброз дошт, ки «ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад».

Дар фарҷом ба як гурӯҳ ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон якчанд кумитаву ташкилоти ҳизбӣ, ки дар амалигардонии барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштаанд, бо туҳфа ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Июль 30, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд