Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд озмуни «Дунёи рангини кӯдакон»-ро эълон менамояд
СУҒД, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои давраи таътили тобистона бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав, рушди малакаву маҳорат ва қобилияти зеҳнӣ, инчунин самаранок истифода намудани давраи таътили тобистона озмуни навбатии фосилавии «Дунёи рангини кӯдакон»-ро эълон менамояд, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд.
Озмуни мазкур байни ду категорияи синну солӣ: кӯдакони синни хурдсоли мактабӣ синфҳои 1-4 ва хонандагони синфҳои 5-9 аз рӯи шартҳои видеоролики беҳтарин, акси беҳтарин, расми беҳтарин ва эссе дар мавзӯъҳои «Чӣ тавр ман давраи таътилро сипарӣ намуда истодаам», «Мо — кӯдакони насли хушбахти Истиқлол», «Истеъдоди ман», «Дар оғӯши табиати биҳиштосои диёр», «Машғулиятҳои муфиди ман дар давраи таътил» ва «Китоб — маъвои хирад» баргузор мешавад. Маросими қадршиносии ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли озмун 23 августи соли равон доир мешавад
Иштирок дар озмуни мазкур озод буда, хонандагон аз ҳар минтақаи Тоҷикистон метавонанд ширкат намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд видеоролик (дар хаҷми то 5 дақиқа), акс (бо телефон ва ё дастгоҳи аксгиранда гирифташуда, аз ҳар довталаб то 5 акси ифодакунандаи мавзӯи озмун), расм (то 3 дона доир ба мавзӯъ бо қалами ранга, акварел, ранги равғани иҷрошуда ба андозаи формати А4 ва А3), эссе (доир ба мавзӯи пешниҳодшуда дар ҳаҷми 1-2 саҳифа) -и худро то 20 август тариқи почтаи электронии: mtiv-sugd@mail.ru, саҳифаи фейсбукии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва ё шабакаҳои иҷтимоии вотсап, вайбер, имо, инстаграм, телеграм ба шумораи телефонҳои 928181072, 929727688, 928881100 ирсол намоянд.
Тибқи Низомнома аз ҳар бахш 5 нафари ғолибон, дар умум 40 нафар беҳтаринҳо муайян карда шуда, бо туҳфаҳои арзишманд ва диплому сипосномаҳо қадршиносӣ карда мешавад.
АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






