Намояндаи Тоҷикистон дар Коференсияи махсуси Кумитаи Иттифоқи касабаи маорифи Аврупо ширкат варзид

Июль 6, 2022 13:59

ДУШАНБЕ, 06.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бунёди низоми самараноки маориф буда, имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё месозад. Чунин изҳор дошт раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода зимни баргузории Конференсияи махсуси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо, ки дар шаҳри Лежи Шоҳигариии Белгия баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зулҳия Нозакзода инчунин дар идома иброз дошт, ки Стратегияи дарозмуҳлати соҳаи маориф ба бартариҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд.

Мавсуф зикр намуд, ки мақсади ислоҳот дар низоми маориф ба вуҷуд овардани низоми таҳсилоти босифат ва дастрас барои ҳамаи шаҳрвандон дар тӯли ҳаёт аст, ки иқтисодиёти кишвар бо кормандони босалоҳияти мутобиқ ба инфрасохтор ва технологияҳои муосиру инноватсионӣ асосёфта таъмин мегардад.

Дар кори Конференсия Президенти КИКМА Лари Фланаган ва директори КИКМА Сюзан Флокан, вазири маорифи Шоҳигарии Белгия, вазири маорифи қисмати фаронсазабонони Шоҳигарии Белгия оид ба масъалаҳои мақоми омӯзгор дар ҷомеа, сифати таҳсилот, вазъи сифати барномаҳои таълимӣ, шарикии иҷтимоӣ, мушкилот ва дурнамои соҳаи маориф маъруза намуданд.

Ҳамчунин дар рафти конференсия Зулҳия Нозакзода Ҷоизаи Коунка Дамиановаро дар соли 2022 ба Борка Виснич намояндаи Иттифоқи касабаи маорифи Ҷумҳурии Сербия тақдим намуд. Ёдовар мешавем, ки Зулҳия Нозакзода соли 2018 бо Ҷоизаи Коунка Дамианова соҳиб гардида буд.

Ёдрас мешавем, ки Конференсияи махсуси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо дар ду сол як маротиба баргузор гардида, оид ба масъалаҳои иттифоқи касаба ва маориф резолютсия ва қарорҳои дахлдор қабул менамояд. Дар кори конференсия намояндагони Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи Аврупо ва намояндаи ташкилотҳои ҳамузви Кумита шомил буда, масоили баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳифзи тақвияти иҷтимоии омӯзгорон, сифати таҳсилот, шарикии иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таҳсилотро баррасӣ менамояд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 6, 2022 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид