НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 корхонаи саноатии шаҳри Бӯстон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба маблағи 324,1 млн сомонӣ таъмин намуданд

Июль 21, 2022 10:52

СУҒД, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 36 адад корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро 324,1 млн сомонӣ таъмин намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 50,4 млн сомонӣ зиёд буда,  118,4 фоизро ташкил намуд. Ин маълумотро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ 20 июл ба хабарнигорон иброз дошт. 

Дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҳиссаи корхонаи истеҳсоли қубурҳои оҳанин ва профилҳои ҶДММ «Ганҷофар», корхонаи истеҳсоли мехи печони ҶДММ «Нуртез» ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ ва армуғонии «Зари Суғд»-и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми ҶДММ «Суғдпак», ки бо иштироки бевоситаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буданд, нисбат ба ин нишондиҳанда хеле назаррас мебошанд.

Иқдоми мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — санотикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки «имрӯзҳо сокинони шаҳр ба истиқболи сазовори ҷашни 35‐умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои наҷиб рӯи кор оварданианд.

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати роҳи мошингарди кӯчаҳои шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардида, давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 ба маблағи 2,5 млн сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр 8,09 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ ва асосӣ шуданд».

Саъдулло МАҲКАМОВ
АМИТ
«Ховар»

АКС:  маркази матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон

Июль 21, 2022 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад