Устувории роҳҳои муҳими мошингарди Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими мошингард, пурзӯр намудани иқтидорҳо вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ, дар ҳолати буҳронӣ ё фавқулода вокуниши фаврӣ ва самарабахш ба ҳолатҳои болозикр мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 35,8 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






