ЮНЕСКО омода аст дар рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон мусоидат намояд
ДУШАНБЕ, 02.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. ЮНЕСКО омода аст дар дилхоҳ самт ҷиҳати рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бошишгоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Тамара Растовак Сиавишвили мулоқот намуд.
Дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои шиносоии иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Саммити муқаддимотии вазирони маорифи кишварҳои дунё ва рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат Раҳим Саидзода аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ва дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумоти муфассал дод.
Тамара Растовак Сиавишвили иброз дошт, ки иштирок дар Саммит имкони мусоид барои шиносоӣ аз ҷараёни трансформатсияи соҳаи маориф дар дунё ва ироаи таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт мебошад.
Дар идомаи суҳбат мавсуф бо хушнудӣ ва ёдоварӣ аз рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса ва саҳми арзандаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ва ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО зикр кард, ки чунин муносибат ва таваҷҷуҳ зоҳир кардан намунаи беҳтарини Роҳбари олии як давлат ба масъалаҳои зикршуда мебошад.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои рақамикунонии соҳаи маориф ва трансформатсияи соҳаи маориф мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Раҳим Саидзода аз таъсиси Маркази инноватсионии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки муовини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад ёдовар шуда, зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм омода аст ҷиҳати рушди ҳамкорӣ тамоми тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд.
Тамара Растовак Сиавишвили аз вохӯрии худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки тамоми ташаббусҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, омода аст дар дилхоҳ самт ҷиҳати рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд






