Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо доир ба баргузории Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон тасдиқ гардид

Август 9, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 09.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 августи соли равон бори нахуст дар шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо вобаста ба баргузории мусобиқа тасдиқ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон бахшида ба таҷлили ҷашни 31–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида, мақсад аз он ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бадминтони Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 писар ва 6 духтар, дар маҷмӯъ 12 нафар намояндагӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки бадминтон яке аз бозиҳои қадимии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, намуди варзиши олимпӣ мебошад. Дар бадминтон ду бозингар ё ду даста иборат аз ду нафар бо ҳам рақобат мекунанд. Мутахассисони соҳаи варзиш бадминтонро ба гурӯҳи варзиши неруталаб шомил карда, дар он ҳушёрӣ ва зеҳни хуб доштани варзишгарро ба назар мегиранд.

Дар аввалин Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон дар Душанбе ҷавонони аз 15 то 17-сола иштирок мекунанд.

Дар мусобиқа бадминтонбозони беҳтарин аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки макони баргузории мусобиқаи мазкур «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад.

АКС: Федератсияи бадминтони Тоҷикистон

Август 9, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад