Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад

Август 8, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Малайзия ҷомаи нодир аз Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳ дошта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин бора зимни баргузории Конгресси VI байналмилалии Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавигардонии мероси фарҳангии Узбекистон, ки 23 июли соли равон дар Самарқанд баргузор шуд, маълум гардид.

Дар бораи ин ҷомаи нодир сармутахассиси Осорхонаи санъати исломии Малайзия Ҳеба Наел Баракат иттилоъ дод.

«Ин ягона ҷомаи суғдӣ дар ҷаҳон аст, ба монанди он дигар боқӣ намондааст. Дар остини ҷома нақши аспҳои болдор бо дарахти ҳаёт дар зери сумҳояшон тасвир шудааст. Рангҳои матоъро ҳоло ҳам шинохтан мумкин аст— сабз, сурх, кабуд, зардтоб, инчунин расмҳо дар шакли медалйонҳо тасвир ёфтаанд. Дар деворҳои шаҳраки бостонии Самарқанд – Афросиёб  деворнигораҳо (наққошӣ дар гаҷҳои тар, яке аз усулҳои рангкунии девор) ёфт шуданд, ки дар онҳо як гурӯҳ одамон маҳз бо ин гуна ҷомаҳо тасвир шудаанд.  Афросиёб-шаҳраки қадимие бо масоҳати беш аз 200 гектар бо намуди анбӯҳи  теппаҳои зарду хокистаррангест, ки дар қисмати шимолии Самарқанди муосир ҷойгир аст», — гуфт манбаъ.

Афросиёб харобаҳои Самарқанди бостонӣ маҳсуб мешавад. Дар асри XVII харобаҳо ба ифтихори шоҳи афсонавии Тӯрон- Афросиёб, яке аз қаҳрамонони афсонавии достони «Шоҳнома»-и шоири тоҷику форс Фирдавсӣ ин номро гирифтаанд.

Суғд вилояти таърихии қадимӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар қисмати шарқии дарёҳои Омӯ ва Яксарт, дар маркази водии Зарафшон ҷойгир аст. Аз асри IХ бахше аз Мовароуннаҳр ва давлати Сомониён номида мешавад.

Акс: centralasia.media/news

Август 8, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад