Дар Тоҷикистон Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон бунёд мешавад

Август 31, 2022 09:57

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон бунёд менамояд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, марказҳои мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» ба истифода дода мешаванд.

Дар  айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар идома доранд. Он тибқи лоиҳа 3- ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад.

Инчунин дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.

Дар марказҳои хизматрасонӣ бо муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокӣ дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо машғулиятҳои дахлдор гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешаванд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Август 31, 2022 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид