Душанбе мизбони форумҳои сармоягузории Тоҷикистон-Корея, Кувайт, Русия, Саудӣ ва Британияи Кабир мегардад

Август 3, 2022 08:42

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор  меравад, ки бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба  иқтисодиёти кишвар ва муаррифии имконияту иқтидорҳои сармоягузории ҷумҳурӣ  соли равон  дар Душанбе форумҳои сармоягузории  Тоҷикистон — Корея, Тоҷикистон — Кувайт, Тоҷикистон – Русия, Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ,   Тоҷикистон – Британияи Кабир ва инчунин Форуми  байналмилалии  сармоягузории Душанбе  баргузор шаванд. Раиси Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саъдӣ Қодирзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат  иттилоъ дод, ки  ҷиҳати дар сатҳи баланди  ташкилӣ гузаронидани форумҳои сармоягузорӣ корҳо оғоз гардидаанд.

Ҳамзамон Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки  соли  равон  дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе форуму ҳамоишҳои  соҳибкорию  сармоягузорӣ баргузор гардиданд.

Дар чаҳорчӯби онҳо   бо доираҳои тиҷоратии  кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии Мисри  Араб, Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Узбекистон  беш аз 90  санади ҳамкорӣ  ба маблағи умумии  қариб 1,1 миллиард доллар  ба мувофиқа расонида шуданд, ки ин ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.

                                                 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид