ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Мастчоҳ ҷаласаи ситоди ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилоят Давлатшоҳ Мирзозода ва муовини якуми Раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода ҷаласаи сайёри ситоди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он комиссари ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии ноҳия ҳузур доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода оид ба корҳои анҷомёфта дар мавриди омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон, ҷараёни иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ доир ба гузаронидани корҳои омӯзишии пеш аз даъват маълумот дод.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода зимни баррасии масъалаи мазкур ва натиҷагирӣ аз даъвати баҳорӣ аз масъулини дахлдор оид ба иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2022» пурсон шуда, масъулинро вазифадор намуд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро сари вақт иҷро намоянд.
Зикр шуд, ки масъулинро зарур аст бо истифода аз имконияти мавҷудаи ноҳия барои сари вақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дастур дода шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати муташаккилона гузаронидани чорабиниҳои маъракаи даъват дар ҳудуди ҷамоатҳо ва пеш аз муҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъват миёни аҳолӣ кор баранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид менамоянд, ки «тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор нафар ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намуда, борҳо собит сохтаанд, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа сарбаландона хизмат карда метавонанд».
АКС: маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






