ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, якшанбе, 226-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 14, 2022 08:00

14 августи соли 2007 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маҷмўи васеи масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди муҳокима қарор гирифт.

***

9 сол пеш, 14 августи соли 2012 сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи «president.tj» аз соли 2005 инҷониб фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии интернет баромад. Сомонаи мазкур имрӯз дар ин шабака бо чор забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ оид ба сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон хабару гузориши расмӣ  пешниҳод менамояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.

14 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Покистон-Рӯзи истиқлол.

***

Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонони миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

14 августи соли 2013 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстонаи дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон барпо гардид.

***

14 августи соли 1848 дар Канада амали санади расмӣ, ки  забони англисиро ҳамчун ягона забони давлатӣ дар кишвар муқаррар карда буд, қатъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 бо мақсади ворид кардани Бавария ба ҳайати Олмон ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид карда шуд.

***

14 августи соли 1920 дар шаҳри Антверпени Белгия маросими кушодашавии Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид, ки 29 август ба анҷом расиданд.

***

14 августи соли 1986 дар Амстердам расми аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон гузошта шуд, ки 8 ҳазору 586 метри мураббаъро ташкил дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1908 дар шаҳри Фолкстони Англия аввалин маротиба озмуни байналмилалии зебоӣ баргузор гардид.

***

Соли 1936 аввалин маротиба ба рӯйхати  Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баскетбол ворид карда шуд.

Август 14, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, якшанбе, 268-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, шанбе, 267-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, ҷумъа, 266-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, панҷшанбе, 265-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, чоршанбе, 264-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, сешанбе, 263-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, душанбе, 262-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, якшанбе, 261-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, шанбе, 260-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, ҷумъа, 259-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, панҷшанбе, 258-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, сешанбе, 256-умин рӯзи соли 2022 аст