«Ҳамсоядорӣ. Аз иғвоангезии навбатии Қирғизистон кӣ суд мебарад?!», «Хуни шаҳидон бар гардани кист?!», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2022 16:27

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида чун дигар расонаҳои иттилоотии мамлакат доир ба ҳамлае, ки 14-18 сентябр қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом дода, рӯзгори мардуми осоиштаи тоҷикро ноорому ошуфта сохтандхабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №182 (24 541), чоршанбе, 21 сентябри соли равон зери сарлавҳаи «Қирғизистон шартҳои протоколро иҷро намекунад!» мавод нашр намудааст, ки дар он омадааст: «Бо вуҷуди ба имзо расидани протокол байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марз (19 сентябр), ки тибқи он бояд қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳали доимии худ баргардонда ва амнияти сокинон таъмин мешуд, ҷониби Қирғизистон  амалҳои иғвоангезонаашро идома медиҳад.

Бар пояи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон гӯё аз хатти даргириҳо неруҳо ва техникаи вазнини низомиро баровардааст. Вале дар асл онҳоро дар маҳалҳои аҳолинишини наздимарзии навоҳии Лайлак ва Ҷон-Олайи вилояти Бодканди Қирғизистон пинҳон мекунад…».

Ҳамчунин дар  ҳафтаи сипаригардида рӯзнома барои поси хотири афсарону сарбозоне, ки дар ин муноқишаи марзӣ ҷонбозӣ кардаанд, рубрикаи «Фаромӯш нахоҳем кард!»-ро фаъол намудааст. Дар ин рубрика дар бораи афсарону сарбозони ҷонфидо аксу маълумот нашр мегарданд.

Аз ин шумора хонандагон метавонанд дар баробари хабару гузоришҳо доир ба ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ба сарҳади мамлакати мо ҳамчунин  оид ба террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ дар Россия, аҳамияти ҳифзи мероси хаттӣ,  истифодаи фарҳанги техникӣ ва мавзӯъҳои муҳими  рӯз матолиби хонданӣ мутолиа намоянд.

Дар шумораи №180  (24 539) «Ҷумҳурият», душанбе, 19 сентябри соли равон доир ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ дар Самарқанд, инчунин зери сарлавҳаҳои  «Муноқишаҳои марзӣ. Аз хабарсозиҳои бардурӯғи ҷониби Қирғизистон то ҳақиқати нангин», «Ҳамсоядорӣ. Аз иғвоангезии навбатии Қирғизистон кӣ суд мебарад?!», «Хуни шаҳидон бар гардани кист?!», «Сарҳад. Амалкарди Қирғизистон хилофи ҳусни ҳамҷаворӣ  аст!» ва дигар маводи таҳлилӣ ва зери рубрикаи «Тоҷикистон», «Варзиш», «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» хабару гузоришҳо аз ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва хориҷи кишвар ба нашр расидаанд.

Дар маводи «Хуни шаҳидон бар гардани кист?!» рӯзноманигори нашрия Меҳрангез Қодирова нигоштааст: «…Ҳамсояҳо бо истифода аз таҳаммули мо, даст аз озори тоҷику дасиса бофтан барнамедоранд ва усули хосе ҳам доранд, ки бо пешхезӣ барои исботи «бегуноҳӣ» ба чор тарафи олам ҷор мезананд. Мо, мутаассифона, морро дар остин ҷой додаем, ки на «оши оштӣ»-ро мефаҳмаду на оини ҳамсоядориро. «Пирони батадбирашон» мӯйсафедони моро ба оғӯш мегиранду бо ҳамин гӯё созиш менамоянд, вале боз мебинӣ тайёраҳои бесарнишинашон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур мекунанду ҳамсояи «осоишта»-амон мошини ёрии таъҷилиро, ки захмиёнро наҷот медод, бомбаборон менамояд. Ҳоло дар бораи аскарони шаҳидгаштаву модарону кӯдакони бесарпаноҳмонда чизе намегӯем…».

Ҳамчунин муаллиф зикр намудааст: «…Мутаассифона, қавми кӯчиеро дар қаламрави аҷдодиамон роҳ додем, ки на танҳо даъвои замин дорад, балки ба сӯямон метозад. Ҳар бор сари мизи музокирот менишинаду чанде нагузашта, худ пой болои ваъдаи додааш мегузорад, ки воқеан, дигар ҷойи ҳайрат ҳам нест. Зеро тавре бармеояд, на қавлро медонанду на расми қавл доданро. …». Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи ин маводро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи душанбе, 19 сентябр, №117 (4537) суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путинро инъикос намуда, ҳамзамон таҳти сарлавҳаҳои «Иҷлосияе, ки заминаи сарҷамъиву пешрафтро гузошт», «Таъмини рушди иқтисод ба рушди саноат алоқаманд аст», «Дарвоз дар замони соҳибистиқлолӣ равнақ ёфт», «Аҳамияти фармонҳои Президент дар ҳаёти ҳуқуқии кишвар»  мавод ба нашр расонидааст.

Рӯзноманигори нашрия Шариф Атобуллоев  дар маводи «Таъмини рушди иқтисод ба рушди саноат алоқаманд аст» тамоми паҳлӯҳои  пешрафти  саноатро таҳлилу баррасӣ намуда, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Зеро саноатро муҳаррики иқтисодиёт мегӯянд ва бидуни ин соҳаи муҳим таъмин намудани рушди иқтисод ғайриимкон аст. Ин аст, ки бо бунёду мавриди истифода қарор додани корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуда, ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоиш касб кардааст. Масалан, тайи 6 моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 миллиард сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш ба 117,6 дарсад баробар мебошад. Маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби 227 корхонаи таъсиррасони соҳа ба маблағи зиёда аз 4 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст…». Шакли пурраи матлабро метавонед аз ин шумораи рӯзнома мутолиа намоед.

 «Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №39 (20372), 21 сентябри соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо хабару гузоришҳоро аз ҷараёни иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, суҳбати телефонии Сарвари давлатро бо президентони Ҷумҳурии Узбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин мулоқоти Пешвои миллатро дар доираи ҷаласаи мазкур бо як зумра сарварони давлатҳо ва  хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаи «Таджики- миролюбивый народ», «Кыргызская агрессия не занает границ», «Кыргызстан грубо нарушает договоренности, дезинформируя население», «ПИВ по праву признали террористической организацией» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №37 (1383), чоршанбе, 21 августи соли 2022 иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд. Дар ин шумора таҳти унвонҳои «Хунбаҳои иғвогарии навбатӣ дар сарҳад», «Суди Олии Россия ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ элон кард», «Роҳ ба сӯи кохи нур», «Корҳои созанда дар ҳошияи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ёди родмардони Ватан абадист!» матолиби таҳлилӣ  ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Сентябрь 22, 2022 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд