«БИЁЕД, БА ОТАШИ ХОНУМОНСӮЗИ ҶАНГ ДОМАН НАЗАНЕМ!». Муроҷиати Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон, ки боиси ҳалокати зиёди шаҳрвандони мо гардид, изҳори нигаронӣ намуда, аз адибони ҳарду кишвар даъват ба амал меорад, ки бо тарҷумаву муаррифии осори ҳамдигар рафоқати инсониву робитаи ҳасанаи эҷодиро ба хотир биёранд ва бо нигоштаҳову баёни назарҳои амиқу санҷида ба бартараф намудани ин нофаҳмиҳо мусоидат намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Афзудани сафи ҳангомахоҳон, дурӯғпароканӣ, айбҷўӣ, душмантарошӣ, назари нопоку муғризонаи баъзе «коршиносон», беш аз ин– бо истифода аз силоҳ ҳуҷуми таҷовузгарона намудани низомиёни Қирғизистон ба давлати мо боиси нигаронист. Биёед, ба оташи хонумонсӯзи ҷанг доман назанему бо сатрҳои обдори хеш дар пайи хомўш кардани он бошем!
Биёед, ба ёд биёрем, ки Айтматови забардаст Айнии бузургро яке аз ду устоди худ медонист. Биёед, фаромўш накунем, ки Турсунзодаи дар ҷаҳон машҳур бо Чингиз Айтматове, ки ҷаҳонро бо шамшер не, бо қалам гирифта буд, чӣ гуна рафоқати самимӣ дошт. Ё худ, бубинем, ки Шоири халқии Қирғизистон Қубаничбек Маликов чӣ мегўяд: «Дар байни халқҳои Осиёи Миёна тоҷикон дар сатҳи қадимтарину баландтарини тамаддун қарор доранд. Ин халқи сулҳдӯсту боистеъдод ҳамеша ба қирғизҳои кӯчманчӣ таъсири файзбахш расонидааст».
Чунин нуқтаҳои пайванд зиёданд миёни халқҳои мо, биёед, онҳоро мустаҳкамтар бикунем, то арвоҳи бузургонамон озурда набошанд!
Асрҳост, ки халқҳои тоҷику қирғиз дар паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Беш аз ин, тоҷикони зиёде шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонанду қирғизони зиёде шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳама қисматсозиву ҳамзистӣ хоставу доди Худованд аст ва аз он гурехтан имкон надорад. Фақат хиради азалии халқҳоямонро ба кор бурдан, фарҳанги озмудаи ҳусни ҳамзистиву маданияти ҳамҷавориро риоят кардан, ба ҳар маънӣ дар паҳлўи ҳам будан боиси рўсурхиву сарбаландии мо шуда метавонад. Биёед, ин таърихи омўзанда, ин таҷрибаи раҳнамо, ин ганҷинаи беҳамторо дар ин лаҳзаҳои мушкил ба манфиати миллату давлатҳоямон пурсамар ба кор бибарем!
Биёед, мо, бузургсолон ҳам воқеиятро боре бо дили бузурги тифлони худ эҳсос бикунем, самимона ба чашми ҳам бингарему самимона ҳарфи ҳамдигарро бишнавем! Биёед, аз ояндаи фарзандони хеш, аз фардои давлату миллатҳои худ биандешем!
Биёед дар ибрози назар бисёр эҳтиёткор бошем, бо эҳсоси халқҳо бозӣ накунем, агар ба сарварони кишварҳоямон, ниҳодҳои марбут, шахсоне, ки масъулияти бузурги қисмати ояндаи ду миллату ду давлатро бар дўш доранд, ёрӣ карда натавонем, лоақал халал нарасонем ва самимона орзуманди муваффақияташон бошем!
Шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






