«БИЁЕД, БА ОТАШИ ХОНУМОНСӮЗИ ҶАНГ ДОМАН НАЗАНЕМ!». Муроҷиати Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон, ки боиси ҳалокати зиёди шаҳрвандони мо гардид, изҳори нигаронӣ намуда, аз адибони ҳарду кишвар даъват ба амал меорад,  ки бо тарҷумаву муаррифии осори ҳамдигар рафоқати инсониву робитаи ҳасанаи эҷодиро ба хотир биёранд ва бо нигоштаҳову баёни назарҳои амиқу санҷида ба бартараф намудани ин нофаҳмиҳо мусоидат намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Афзудани сафи ҳангомахоҳон, дурӯғпароканӣ, айбҷўӣ, душмантарошӣ, назари нопоку муғризонаи баъзе «коршиносон», беш аз ин– бо истифода аз силоҳ ҳуҷуми таҷовузгарона намудани низомиёни Қирғизистон ба давлати мо боиси нигаронист. Биёед, ба оташи хонумонсӯзи ҷанг доман назанему бо сатрҳои обдори хеш дар пайи хомўш кардани он бошем!

Биёед, ба ёд биёрем, ки Айтматови забардаст Айнии бузургро яке аз ду устоди худ медонист. Биёед, фаромўш накунем, ки Турсунзодаи дар ҷаҳон машҳур бо Чингиз Айтматове, ки ҷаҳонро бо шамшер не, бо қалам гирифта буд, чӣ гуна рафоқати самимӣ дошт. Ё худ, бубинем, ки Шоири халқии Қирғизистон Қубаничбек Маликов чӣ мегўяд: «Дар байни халқҳои Осиёи Миёна тоҷикон дар сатҳи қадимтарину баландтарини тамаддун қарор доранд. Ин халқи сулҳдӯсту боистеъдод ҳамеша ба қирғизҳои кӯчманчӣ таъсири файзбахш расонидааст».

Чунин нуқтаҳои пайванд зиёданд миёни халқҳои мо, биёед, онҳоро мустаҳкамтар бикунем, то арвоҳи бузургонамон озурда набошанд!

Асрҳост, ки халқҳои тоҷику қирғиз дар паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Беш аз ин, тоҷикони зиёде шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонанду қирғизони зиёде шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳама қисматсозиву ҳамзистӣ хоставу доди Худованд аст ва аз он гурехтан имкон надорад. Фақат хиради азалии халқҳоямонро ба кор бурдан, фарҳанги озмудаи ҳусни ҳамзистиву маданияти ҳамҷавориро риоят кардан, ба ҳар маънӣ дар паҳлўи ҳам будан боиси рўсурхиву сарбаландии мо шуда метавонад. Биёед, ин таърихи омўзанда, ин таҷрибаи раҳнамо, ин ганҷинаи беҳамторо дар ин лаҳзаҳои мушкил ба манфиати миллату давлатҳоямон пурсамар ба кор бибарем!

Биёед, мо, бузургсолон ҳам воқеиятро боре бо дили бузурги тифлони худ эҳсос бикунем, самимона ба чашми ҳам бингарему самимона ҳарфи ҳамдигарро бишнавем! Биёед, аз ояндаи фарзандони хеш, аз фардои давлату миллатҳои худ биандешем!

Биёед дар ибрози назар бисёр эҳтиёткор бошем, бо эҳсоси халқҳо бозӣ накунем, агар ба сарварони кишварҳоямон, ниҳодҳои марбут, шахсоне, ки масъулияти бузурги қисмати ояндаи ду миллату ду давлатро бар дўш доранд, ёрӣ карда натавонем, лоақал халал нарасонем ва самимона орзуманди муваффақияташон бошем!

Шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд