Дар Душанбе 400 адад автобусҳои истеҳсоли муштараки Туркия ва Тоҷикистон ба сокинон хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 24.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе 400 адад автобусҳои истеҳсоли муштараки Туркия ва Тоҷикистон ба сокинон хизмат мерасонанд. Дар ин бора масъули ширкати «AKIA» дар Душанбе Сулаймон Туналӣ дар суҳбат бо агентии «Анадолу» маълумот дод, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУДОВА аз шаҳри Истанбул.
«400 автобуси бо сармоягузории муштараки Туркия ва Тоҷикистон истеҳсолшуда дар Душанбе хидматрасонии дохилишаҳрӣ ба мардум пешкаш менамоянд», — гуфт ӯ.
Сулаймон Туналӣ тазаккур дод, ки соли 2017 ҷониби Туркия барои Тоҷикистон ҳудуди 200 автобус истеҳсол кард ва соли 2018 дар шаҳри Душанбе санги асоси корхона гузошта шуд.
«Дар маросими гузоштани санги асос ва ифтитоҳи он худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Моҳи феврали соли 2019 мо ба истеҳсоли оммавӣ шурӯъ кардем», — ёдовар шуд ӯ.
Ба иттилои номбурда, то имрӯз барои Душанбе дар маҷмуъ 400 автобус, аз ҷумла 200 адад дар Туркия ва 200 тои дигар дар пойтахти Тоҷикистон, истеҳсол карда шудаанд.
Сулаймон Туналӣ бо ишора ба истеҳсоли автобусҳои барқӣ ва троллейбусҳо гуфт, ки бо ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон музокира анҷом дода, дар мавриди фурӯши автобусҳо ба онҳо корро идома медиҳанд.
Ӯ зикр кард, ки истеҳсоли автобусҳои фармоишии вилоятҳои Суғду Хатлон, ки рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад, идома дорад.
АКС: Агентии Анадолу










«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






