Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

Сентябрь 8, 2022 10:24

ҲИСОР, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Ӯроқ Аловиддинови шаҳраки Ҳисор бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Бинои истиқоматӣ дар 10 ошёна қомат афрохта, аз 27 хонаи якҳуҷрагӣ, 27 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 2 хонаи се ҳуҷрагӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ марказҳои савдою хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои фурӯши техника ва мошинолоти хурди кишоварзӣ, фурӯши дарҳои гуногуни замонавии истеҳсоли кишварҳои Русияву Туркия ва Тоҷикистон барои хона ва биноҳои маъмурӣ, ошхонаи хӯрокҳои тезтайёр ҷойгир карда шуда, барои 16 нафар шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ бо маоши хуб муҳайё гардидаанд.

Бинои мазкур ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва шароити мусоиди замонавӣ бо сарпарастии соҳибкор Алишер Давлатов бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфта, лоиҳаи онро ҶДММ «Арх строй» тарҳрезӣ намудааст. Масоҳати зери сохтмон 3400 метри мураббаъро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз ёфтаанд. Пудратчии асосӣ ҶДММ «Бунёдкор» маҳсуб шуда, ба корҳои сохтмон 61 нафар коргарону устоҳои маҳаллиро ҷалб карда, ҳамзамон бо музди маоши миёнаи 1500 сомонӣ таъмин намудааст.

Муовини Сарвазир ва раиси шаҳр аз марказҳои савдою хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дидан намуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд ва дар тӯйи суннатии 11 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд иштирок карда, ба соҳибкор барои ташаббусҳои созандаву ободкоронааш аз номи Роҳбари давлат арзи сипос намуданд.

Дар идомаи сафар муовини Сарвазир ва раиси шаҳр ба маҳаллаи Гагарини шаҳраки Ҳисор рафта, ба корҳои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур ба ҷойи собиқ биноҳое, ки ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда буданду бо гузашти айём хеле фарсудаву ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгӯй набуданд, бунёд меёбад. Соҳибкор истиқоматкунандагони биноро бо манзили муваққатӣ таъмин намуда, азм дорад сохтмони бинои навро дар муҳлати як сол ба анҷом расонад ва сокинони собиқро охири соли 2023 ба макони зисти пештараашон баргардонад.

Тавре иттилоъ доданд, бино дар масоҳати умумии 496 метри мураббаъ бо 58 ҳуҷра бунёд ёфта, фармоишгар ва пудратчии асосии он ҶДММ «Металл Инвест Строй» мебошад. Дар корҳои сохтмони бино 15 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши миёнаи 1500 сомонӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раванди чорабиниҳо ба истиқболи 31-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бозгӯи он аст, ки сокинони шаҳри Ҳисор, бахусус соҳибкорон дар раванди корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон давоми даҳаи аввали моҳи сентябр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беш аз 30 банди нақша амалӣ гардида, ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, чандин марказҳои савдою хизматрасонӣ, корхонаи саноатӣ ва ду сардхона ифтитоҳ гардиданд. Ҳамчунин дар якчанд деҳа таъмиру таҷдид, мумфаршу сангфаршкунии роҳҳо, ивазкунии трансформатор ва симчӯбу ноқилҳо, чароғонкунии кӯчаҳо ҷараён гирифт, ки аз файзу баракати Истиқлолият, озодӣ ва муттаҳидию ваҳдати миллат башорат медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 8, 2022 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст