Дар Тоҷикистон то охири соли 2022 сохтори алоҳидаи идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бо дастури Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон то охири соли 2022 сохтори алоҳидаи идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъсис дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид доштанд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҷдиди назар мехоҳад.
Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки бояд сохтори идоракунии низоми таҳсилоти олии касбӣ такмил дода, барои татбиқи усулҳои нави таълим тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тайёр кардани касбҳои коргарӣ то охири соли ҷорӣ сохтори алоҳидаи идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкил намояд.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ






